Қоидаҳо

Бо Фармоиши Вазорати

рушди иқтисод ва савдои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «20» сентябри соли 2017,

№85 тасдиқ карда шудааст

ҚОИДАҲО

ОИД БА ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУНИ «ҚУЛЛАИ ШАРАФ»

ВОБАСТА БА МУАЙЯН НАМУДАНИ БРЕНДИ СОЛ ДАР

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1.     МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Қоидаҳо оид ба гузаронидани озмуни «Қуллаи Шараф» вобаста ба муайян намудани бренди сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Қоидаҳо) мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғахои хизматрасонӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006, №589 «Дар бораи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 1993, №242 «Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Оинномаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

2. Қоидаҳои мазкур тартиби ташкил намудани озмун, қабули ҳуҷҷатҳо, муайян намудани ғолибони озмун ва дигар амалҳоеро, ки бо гузаронидани озмуни мазкур алоқамандӣ доранд, муайян менамояд.

3. Озмун дар як сол як маротиба гузаронида мешавад.

2. МАФҲУМҲОИ АСОСӢ

4. Истилоҳоте, ки дар Қоидаҳои мазкур истифода шудаанд:

- Озмун – озмуни ҷумҳуриявӣ оид ба муайян намудани бренди сол «Қуллаи Шараф»;

- Ташкилкунандаи озмун – Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Иҷрокунанда - Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- Иштирокчии озмун – шахси воқеъӣ ё ҳуқуқие, ки истеҳсолкунандаи молу маҳсулот ё хизматрасон мебошад ва барои иштирок дар озмун дархост пешниҳод намудааст;

- Дархост - ҳуҷҷати дорои маълумотҳои зарурӣ барои иштирок дар озмун;

- Кумитаи тадорукот – мақоме, ки тибқи Фармоиши ташкилкунандаи озмун таъсис дода мешавад;

- Ҳакамони озмун – мақоме, ки тибқи Фармоиши ташкилкунандаи озмун дар асоси пешниҳоди Кумитаи тадорукоти озмун барои муайян намудани ғолибони озмун таъсис дода мешавад;

- Сарпараст - шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар баргузории озмун зиёда аз 50% (панҷоҳ) хароҷотҳоро ба зиммаи худ мегирад;

- Шарикони озмун - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар баргузории озмун ба Иҷрокунандаи озмун кўмаки ҳамаҷонибаи худро дар корҳои ташкилӣ мерасонад;

- Пурсиш – тадқиқоти ҷамъиятие, ки ҳангоми зарурат бо мақсади муайян намудани майли истеъмолкунандагон, вобаста ба брендҳои тадқиқотшаванда бо дархости ҳакамони озмун гузаронида мешавад;

- Ҳайкалчаи озмун - яке аз рамзҳои асосии озмун ба ҳисоб рафта, ба ҷоизадорони озмун тақдим карда мешавад;

- Нишони Озмун – инчунин яке аз рамзҳои озмун ба ҳисоб рафта, ба ҷоизадорон тақдим карда мешавад ва бо назардошти ҷои ишғолнамуда ранги тиллоӣ, нуқрагин ва биринҷӣ дорад. (Аз ҷиҳати шакл метавонанд аз якдигар фарқ намоянд);

- ҷоизадори Бренди сол – унвонест, ки бо қарори ҳакамон дорандаҳои ҷои аввал, дуюм ва сеюм сазовор мегарданд ва метавонад довталаби озмун, ки дар номинатсияи худ ягона мебошад, сазовор гардонида шавад;

- Диплом – ҳуҷҷатест, ки ба иштирокчии озмун тақдим карда мешавад;

- Номинатсия – самти намуди фаъолият, ки дар он ҷоизадор муайян карда мешавад;

3.     МАҚСАДҲОИ ОЗМУН

5. Мақсадҳои асосии озмун аз инҳо иборат мебошад:

- ташвиқ ва тарғиби соҳаи ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- муайян ва пешниҳод намудани намунаҳои идоракунии боэътимоди бренд; 

- ҳамвасмандгардонии ширкатҳо барои истифодабарии брендинг. 

4. КУМИТАИ ТАДОРУКОТ

6.Вазифаҳои Кумитаи тадорукот иборат аз:

- пешниҳод намудани рўйхати ҳайати ҳакамони озмун барои тасдиқ ба Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- доир ба гузаронидани озмун паҳн намудани иттилоот дар воситаҳои ахбори омма;

- қабули ҳуҷҷатҳои зарурӣ вобаста ба иштирок дар озмун ва назорат аз болои дурустии он;

- огоҳ намудани иштирокчиён оид ба роҳхат наёфтанашон ба озмун мутобиқи асосҳои пешбининамудаи банди 14 Қоидаҳои мазкур мебошад.

5.     ҲАКАМОНИ ОЗМУН

7. ҳайати ҳакамони озмун бе назардошти котиб аз шумораи тоқ иборат аст;

8. Ҳакамони озмун барои баҳодиҳии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва муайян намудани ғолибон метавонанд:

- бо фаъолияти иштирокчиёни озмун дар ширкатҳояшон шинос шаванд ва дигар ҳуҷҷатҳоро талаб намояд;

- ғолибони озмунро муайян мекунад;

- котиби ҳакамони озмун оид ба натиҷаҳои озмун протокол тартиб дода, онро ба Ҳайати ҳакамон ва Раиси он барои имзо пешниҳод менамояд.

9. ҳайати ҳакамони озмун фаъолияти худро дар доираи қоидаҳои мазкур ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби Кумитаи тадорукот қабул карда мешавад ба роҳ мемонад.

Маҷлиси Ҳакамони озмун дар ҳамон вақт салоҳиятдор шуморида мешавад, агар дар он на камтар аз 3/2 ҳиссаи ҳайати ҳакамон  иштирок намоянд, ё ин ки агар дар вақти овоздиҳи 3/2 ҳайати ҳакамон бетараф набошанд.

Қарори Ҳакамони озмун аз рўи бартарияти овози аъзои он қабул карда мешавад.

Дар сурати баробар шудани овозҳо, овози Раис ҳалкунанда мебошад.

10. Дархостҳои пешниҳоднамудаи довталабон дар лаҳзаи пешниҳоди онҳо рақамгузорӣ карда шуда, дар онҳо инчунин санаи пешниҳод қайд карда мешавад. Дархостҳои бақайдгирифташуда ба баррасии Ҳакамони озмун супорида мешаванд.

11. Дархостҳои иштирокчиён, ки пас аз ба охир расидани мўҳлати Қабули дархостҳо пешниҳод шудаанд ва ё ҳуҷҷатҳое, ки ҷавобгўи талаботи пешбининамудаи банди 12 Қоидаҳои мазкур нестанд, ба баррасӣ қабул карда намешаванд.

6. ТАЛАБОТҲОИ АСОСӢ БАРОИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУН

12. Талаботҳои асосии иштирок дар озмун иборат аз:

- дархост барои иштирок дар озмун то санае, ки аз ҷониби ҳакамон баррасӣ мешавад;

- фаъолият ва ё ҳузури мол ва хизматрасонӣ бевосита дар ҷумҳурии Тоҷикистон.

- ҳуҷҷатҳои Креативии тамға (маълумот оид ба мазмуни (ғояи) тамға, видеоролик вобаста ба ширкат (на зиёда аз 30 сония) ё тақдим вобаста ба фаъолияти ширкат (на зиёда аз 20 слайд) бо хоҳиши иштироккунанда.

13. Иштирокчии озмун метавонад якчанд БРЕНДРО (тамғаро) пешниҳод намояд.

7. ШАРТҲОИ РОҲХАТ НАЁФТАН БА ОЗМУН

14. Довталаб дар ҳолатҳои зерин метавонад барои иштирок дар озмун роҳ дода нашавад, агар:

- дархост барои иштирок пас аз санаи қабули аризаҳо пешниҳод карда шавад;

- ба талаботҳое, ки дар банди 12 Қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудааст, ҷавобгў намебошад.

15. Иштирокчии озмун ҳуқуқ дорад, ки дархости худро барои иштирок то эълон гаштани натиҷаи озмун бозхонд намояд ва оид ба ин, ба таври хаттӣ Кумитаи тадорукотро хабардор намояд.

8. ТАРТИБИ ГУЗАРОНИДАНИ ОЗМУН ВА БАҲОДИҲИИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУН

16. Ариза барои иштирок дар озмун то мўҳлати аз тарафи Кумитаи тадорукот муайяншуда пешниҳод карда мешавад. Кумитаи тадорукот дар бораи ба итмом расидани қабули аризаҳо протокол тартиб медиҳад, ки он аз тарафи аъзоёни Кумита ва Раиси он ба имзо расонида мешавад.

17. Агар то рўзи охирони қабули ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои иштирок дар озмун аз 5 ариза камтар ворид шавад, ташкилкунандаи озмун ҳуқуқ дорад, ки санаи баргузории озмунро ба таъхир гузорад.

18. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда вобаста ба иштирок дар озмун аз ҷониби ҳайати Ҳакамон баррасӣ мешаванд ва аз рўи натиҷаҳо ҳар яке аз аъзои ҳакамон аз “1” то “10” – холро мегузорад.

19. Натиҷаи бадастомада баҳои дархост мебошад.

- дар ҳолати зарурӣ бо бартарии овозҳо, аъзоёни ҳакамон метавонанд аз Кумитаи тадорукот аз рўи Брендҳои алоҳида гузаронидани пурсиш/таҳлилро дархост намоянд.

- тартиби гузаронидани пурсиш/таҳлилро Кумитаи тадорукот муайян менамояд.

20. Аз рўи натиҷаҳои озмун бо қарори ҳайати ҳакамон, довталабони озмун метавонанд сазовори унвони ҷоизадори тиллоии Бренди сол, ҷоизадори нуқрагии Бренди сол, ҷоизадори биринҷии Бренди сол, ё ин ки дипломи иштирокчии озмун гарданд.

21. Агар дар номинатсия як БРЕНД иштирок намояд, пас дар номинатсия мазкур ғолиб муайян карда намешавад, ба довталаби номинатсияи мазкур бо қарори ҳакамон унвони ҷоизадори тилоии Бренди сол, ҷоизадори нуқрагии Бренди сол, ҷоизадори биринҷии Бренди сол, ё ин ки дипломи иштирокчии озмун дода мешавад.

22. Агар аз рўи натиҷаи баҳогузории аъзои ҳакамон, БРЕНД баҳои аз 90 (навад) хол болоро гирад, ў унвони ҷоизадори тилоии Бренди солро дар номинатсияи дахлдор сазовор мегардад ва агар дархост номзади ягона бошад дар ин ҳолат, ў унвони ҷоизадори тилоии Бренди солро дар номинатсияи дахлдор сазовор мегардад.

23. Агар аз рўи натиҷаи баҳогузории аъзои ҳакамон, БРЕНД баҳои аз 70 (ҳафтод) то 90 (навад) - ро гирад, ў унвони ҷоизадори нуқрагини Бренди солро дар номинатсияи дахлдор сазовор мегардад ва агар дархост номзади ягона бошад дар ин ҳолат, ў унвони ҷоизадори нуқрагини Бренди солро дар номинатсияи дахлдор сазовор мегардад.

24. Агар аз рўи натиҷаи баҳогузории аъзои ҳакамон, БРЕНД баҳои аз 55 (панҷову панҷ) то 70 (ҳафтод) - ро гирад, ў унвони ҷоизадори биринҷии Бренди солро дар номинатсияи дахлдор сазовор мегардад ва агар арзнома номзади ягона бошад дар ин ҳолат, ў унвони ҷоизадори биринҷии Бренди солро дар номинатсияи дахлдор сазовор мегардад.

25. Агар дар як номинатсия якчанд БРЕНД бо қарори ҳакамон якхел баҳо гиранд, онҳо метавонанд ҷоизадорони якхела шаванд.

26. Натиҷаҳои озмун дар протокол қайд карда мешаванд.

27. Протоколи натиҷаҳои озмун дар ду нусха (барои ташкилкунандаи озмун ва барои нигаҳдорӣ дар ҳуҷҷатҳои озмунии Ҳакамони озмун) тартиб дода мешавад. Ҳамаи нусхаҳо эътибори баробар доранд.

28. қарори ҳакамони озмун бояд дар давоми се рўз ба Кумитаи тадорукот пешниҳод гардад.

29. Кумитаи тадорукот     дар асоси Протоколи Ҳакамони озмун ҷоизадоронро муайян менамояд.

30.ҷамбасти натиҷаҳои озмун дар маросими тантанавӣ эълон карда мешаванд.

31. Пинҳон намудани дархостҳои иштирокчиён, ба ҳисоб нагирифтани онҳо ҳангоми қабул, бақайдгирӣ ва гузаронидани ҷамъбасти озмун ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар ҳангоми гузаронидани озмун мутобиқи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад асос барои ба ҷавобгарӣ кашидан гардад.

32. Дар сурати ошкор намудани ҳолатҳое, ки дар банди 27 қоидаҳои мазкур пешбинӣ шудаанд, қарори ҳакамон беэътибор дониста мешавад.

Дар ин сурат Ташкилкунандаи озмун вазифадор аст, ки дар мўҳлати 7 рўзи баъд аз ошкор шудани ҳолати зикргардида дар бораи беэътибор дониста шудани натиҷаҳои ниҳоии озмун (барои номинатсияе, ки дар он ариза пешниҳод ва муайян шудааст) маълумоти дахлдорро ба тариҚе, ки озмун эълон шуда буд, ба омма расонад.

33. Натиҷаҳои Озмун дар воситаҳои ахбори омма паҳн карда мешаванд.

34. ғолибони озмун бо ҳайкалча ва шаҳодатномаи дахлдор сазовор гардонида мешаванд.

35. Шарикон ва сарпарасони озмун метавонанд тибқи ақидаи худ, ё ин ки бо пешниҳоди ҳакамони озмун  дигар ҷоизаҳои махсусро барои ғолибони озмун барои комёбӣ ва муввафақият дар самт ва соҳаҳои гуногун пешбинӣ намоянд ва ғолибро бо ҷоиза ва мукофот сарфароз гардонанд.

36. Иштирокчие, ки бо пешниҳоди Кумитаи тадорукот барои гирифтани ҷоизаи СУМЗ пешниҳод шудаанд, дар номинатсияҳои арзшуда иштирок карда наметавонанд.

37. Иштирокчиёни озмун, ки ҷойи якумро сазовор гардиданд, ё ин ки ҷоизадорони унвони тиллоии Бренди сол, ҳуқуқи истифода бурдани нишон (эмблема) ва ҳайкалчаи озмунро дар молҳо ва хизматрасониҳои худ, тибқи Шартнома байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» - и Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизадор пайдо менамоянд. 

38. Иштирокчиёни озмун, ки ҷойи дуюм ва сеюмро сазовор гардиданд, ё ин ки ҷоизадорони нуқрагин ва биринҷии Бренди сол гардидаанд метавонанд худро ҳамчун ҷоизадори дуюм ё сеюми озмун, ё ин ки ҷоизадорони нуқрагин ва биринҷии Бренди сол дар номинатсияҳои дахлдор танҳо дар маводҳои таблиғотиашон (ғайр аз истифода дар молу маҳсулот) ё дар ВАО тибқи Шартнома байни Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷоизадор муаррифӣ намоянд.

39. Ҳуҷҷатҳои барои иштирок дар озмун пешниҳодшуда баргардонида намешаванд.

9. ҶОИЗАҲОИ ОЗМУН

40. ҷоизасупорӣ аз рўи номинатсияҳои зерин сурат мегирад:

- маҳсулоти хўрокворӣ;

- нўшокиҳои беалкогол;

- атриёт ва косметика;

- маҳсулотҳо барои саломатӣ. Молҳои гигиенаи шахсӣ;

- молҳои кўдакона;

- либоса, пойафзол, ҷузъиёт;

- маҳсулот ва хизматрасониҳои яккачин;

- марказҳои савдо;

- мебел;

- техникаи маишӣ;

- хизматрасонӣ ва сервис (Қаҳвахонаҳо ва тарабхонаҳо, варзиш, зебоӣ ва саломатӣ, туризм, истироҳат ва ғайра);

- молҳо ва хизматрасониҳои технологияҳои муосир (компютерҳо, барномаҳои компютерӣ, хизматрасониҳои алоқа ва телекомуникатсионӣ);

- ташкилотҳои молиявӣ, молҳо ва хизматрасониҳо;

- идораҳои букмекерӣ ва бозии лото;

- корпоратсияҳо ва ташкилотҳо;

- амволи ғайриманқул ва сохтмон;

- нақлиёт;

- молҳо ва хизматрасониҳо барои воситаҳои нақлиёт;

- воситаҳои ахбори омма;

- фарҳанг ва санъат;

- самти дулхушӣ.

41. Вобаста ба пешниҳоди арзномаҳо барои иштирок дар озмун (бо назардошти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои иштирок), Кумитаи тадорукот метавонад озмунро на дар ҳама номинатсияҳо гузаронад. Кумитаи тадорукот ҳуқуқ дорад, ки дархостҳоро аз як номинатсия ба номинатсияи дигар гузаронад ва бо назардошти дархости ҳакамон дигар номинатсияҳоро тибқи қонунгузории амалкунанда низ ташкил намояд.

10. ҲАМКОРӢ БО САРПАРАСТОН

42. Ҳамкориҳои иҷрокунандаи озмун бо сарпарастон ва шарикон дар асоси шартномаи тарафайн ба роҳ монда мешавад.

43. Маблағҳое, ки аз сарпапастон ва шарикон барои гузаронидани озмун ба суратҳисоби иҷрокунанда гузаронида мешавад, дар мувофиқа бо Кумитаи тадорукот барои гузаронидани озмун харҷ карда шуда, вобаста ба хароҷотҳои мазкур иҷрокунанда ба сарпарастон, шарикон ва Кумитаи тадорукот ҳисоботи хаттӣ пешниҳод менамояд.

44. Иҷрокунанда тибқи талаботи Кодекси андозиҶумҳурии Тоҷикистон аз маблағҳое, ки вобаста ба гузаронидани озмуни мазкур аз сарпарастон ва шарикон ворид мегарданд, андозҳои дахлдорро ба буҷети ҷумҳуриявӣ тибқи талаботи кодекси андоз пардохт менамояд.

45. Сарпараст ё шарикони озмун ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмун надоранд.

11. ТАНЗИМИ БАҲСҲО

46. Масъалаҳои баҳсноке, ки бо гузаронидани озмун алоқамандӣ доранд аз ҷониби ҳакамони дар якҷоягӣ бо Кумитаи тадорукот ва Ташкилкунандаи озмун баррасӣ карда мешаванд.

47. Дар ҳолати зарурӣ, Ташкилкунандаи озмун метавонад тағйиру иловаҳоро ба қоидаҳои мазкур тибқи дархости ҳакамон ва ё Кумитаи тадорукот ворид намояд.

48. Дар ҳолати розӣ набудан бо қарори ҳакамон иштирокчии озмун ҳуқуқ дорад, ки ба мақомоти судӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории амалкунанда муроҷиат намояд.