Дар бораи озмун

Озмуни “Бренди сол”

Озмуни ҷумҳуриявии “Бренди сол”, таҳти шиори «Қуллаи Шараф» –аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ гузаронида мешавад.

Шарикони озмун, Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ), Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШТР «Ватан», Медиа-гурўҳи «Азия-Плюс» ва «Love – Radio Тоҷикистон» мебошанд.

Максадҳои асосии озмун – ташвиқу тарғиби зарурияти ҳифзи ҳуқуқии тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонї дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пайдо ва пешниҳоди намунаҳои самараноки идоракунии бренд, ҳавасмандгардонии ширкатҳо доир ба истифодабарии брендинг ба ҳисоб меравад.

Озмуни «Бренди сол» лоиҳаи тиҷоратӣ намебошад.

Аз ҷониби Кумитаи тадорукот Қоидаҳои гузаронидани озмуни «Бренди сол» таҳти унвони «Қуллаи Шараф» омода карда шудааст, ки он тартиби гузаронидани озмунро танзим менамояд, инчунин рамзҳои (атрибутика) Озмун низ омода карда шудаанд.

Қоидаҳо инчунин Иҷрокунандаи озмун-Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.

Мавриди қайд аст, ки унвонҳои озмун ғояеро инъикос менамояд, ки дар номи озмун “Қуллаи Шараф”, ҷой дода шудааст.

Қабули дархостњо барои иштирок дар озмун аз 19 сентябри соли 2017 шурӯъ шуд.

Дар байни номинантҳо ҳакамони озмун – дорандагони мукофотҳои тиллогӣ, нуқрагӣ ва биринҷии Бренди солро муайян менамоянд.

Иштирок дар озмун ба ғолибон имкониятҳои васеъро медиҳад, аз ҷумла:

* ҳуқуқи ягонаи (махсус) гузоштани логотип ва тасвири ҳайкалча дар маҳсулот ва хизматрасонии худ, рамзҳои (атрибутика) иттиҳодиявӣ ва истифодабарӣ дар сомонаи худ дар муддати як сол;

* баҳогузории коршиносии тарафҳои заиф ва қавии бренд, дурнамои рушди он;

* маслиҳатдиҳии мутахассисон, аъзоёни ҳакамон;

Инчунин боиси қайд аст, ки иштирок дар Озмуни мазкур обурӯи ширкатро бонуфуз гардонида, маъруфияти ширкатро баланд мебардорад, ба болоравии рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда (хизматрасонӣ) дар бозор мусоидат менамояд.